Эмомалӣ Раҳмон Владимир Путинро бо зодрӯзаш шодбош гуфт — сарони кишварҳо сӯҳбати телефонӣ анҷом доданд. «Дар оғози суҳбат Пешвои миллат, бо таманниёти сиҳатмандиву некрӯзӣ ва комгорӣ дар фаъолияти давлатӣ Президенти Русияро ба муносибати зодрӯзашон самимона табрик гуфтанд», — омадааст дар гузориши дафтари матбуоти раисҷумҳури Тоҷикистон аз ин сӯҳбат. Гуфта мешавад, президенти Тоҷикистон аз саҳми шахсии Владмир Путин дар пешбурди робитаҳои ду кишвар таъкид намудааст. #новости 🌐 Telegram | 🌐 VKontakte | 🌐 Rutube | 🌐 Савол додан ё хабар пешниҳод кардан Ба канали TjRusNews обуна шавед!