Дар Тоҷикистон ба муаллимае, ки як навораш боиси баҳсу хархашаҳои доманадор шуд, нишони «Аълочии ифтихории маориф» доданд — Вазорати маориф дар арафаи таҷлили иди омӯзгорон Равшаноро Акрамоваро қадрдонӣ кард. Ин нишонро дар маросиме, ки ба муносибати Рӯзи омӯзгор дар шаҳри Душанбе баргузор шуд, Дилрабо Мансурӣ, муовини сарвазир ва Раҳим Саидзода, вазири маориф ба ӯ тақдим кардаанд. Номи омӯзгори мактаби 72-и Ёвон пас аз нашр шудани як навори баҳсбарангезаш дар шабакаҳои иҷтимоӣ шинохта шуд. Ӯ духтаракеро бо номи Фотима бо лафзи тунд барои надоштани дафтар сарзаниш кардаву дар назди омма навор мекард. Ин ҳолат нахуст хашми корбаронро барангехт, вале изҳороти ӯ дар як мусоҳиба бо оби дида, назари бархеҳоро дигар намуд. Дар ҳамин ҳол, вазорати маориф низ аз танбеҳ додани ӯ барои амалҳои қайриқонунӣ нисбати кӯдак хабар дод, коршиносон бошанд, қайд карданд, ки амали вай қобили қабул набуд. #новости 🌐 Telegram | 🌐 VKontakte | 🌐 Rutube | 🌐 Савол додан ё хабар пешниҳод кардан Ба канали TjRusNews обуна шавед!