TjRusNews | Хабарҳои фаврӣ

@tjrusnews · news · Kazakh · slowing

Subscribers 11.2K Subscribers, last 30 days: 11.7K → 11.2K −100 24h · −500 7d
Reach per post (ERR) 4.7%527 avg views
Posting 1.6/day last 15 days ago
Reactions per 1K views 101.7 👏 🥰 ❤

Дар Тоҷикистон бори аввал амалиёти пайванди ҷигар дар кӯдакон вазнашон аз 8 кг поёнтар гузаронида шуд. Амалиёт дар “Маркази миллии илмии пайвандсозии узв ва бофтаҳои инсон”-и Вазорати тандуруст бомуваффақият ба анҷом расидааст. Вазорати тандурустӣ менависад, дар синни шашмоҳагӣ ба ин кудак як амалиёти муваққатӣ гузаронида шуда буд, аммо пайвандсозии ҷигар ягона умеди ӯ барои зинда мондан ба шумор мерафт. Бинобар вазни ками бадани кӯдак, ҷарроҳон маҷбур шуданд, ки танҳо як қисмати ҷигарро гиранд ва рагҳои хунгард дар дохили он аз мӯйи сар ҳам бориктар буданд. Миқдори доруҳои баъдиҷарроҳӣ бо дақиқии то сатҳи миллиграмм ҳисоб карда шуд. То имрӯз дар Тоҷикистон чунин амалиётҳо дар кӯдакон хеле кам анҷом дода мешуданд. Гурӯҳи табибони тоҷик дар хориҷи кишвар омӯзиш гирифта, ҳоло қодир аст, ки чунин амалиётҳои мураккабро мустақилона анҷом диҳад. #новости 🌐 Telegram | 🌐 VKontakte | 🌐 Rutube | 🌐 Савол додан ё хабар пешниҳод кардан Ба канали TjRusNews обуна шавед!

Views over time

01K2K3K2 Oct 13:5912 Nov 19:492.5K2 Oct 13:59: 0 views12 Nov 19:49: 2,510 views
Snapshots we took after posting.
WhenViews
2 Oct 2026, 13:590
12 Nov 2026, 19:492.5K

Who shared this post

Posts in other channels we index that link to this one. (Forwards with a hidden source can't be traced.)

Nobody yet.