Варзишгарони тоҷик дар Бозиҳои Осиёӣ — 2026 дар Ҷопон ду медали нуқра ба даст оварданд. Ин ҷоизаҳо хазонаи тими мунтахаби Тоҷикистонро дар Азиада ба 14 медал расониданд. Дар финали гӯштини тарзи озод Абдулмаҷид Кудиев (65 кг) аз намояндаи Ҳиндустон Суҷит шикаст хӯрд. Дар ҷудо Ҷаҳонгир Маҷидов аз ҷопонӣ Масучи Ротаро шикаст хӯрд. #спорт 🌐 Telegram | 🌐 VKontakte | 🌐 Rutube | 🌐 Савол додан ё хабар пешниҳод кардан Ба канали TjRusNews обуна шавед!