Паҳлавони тоҷик Муҳиддин Асадуллоев дар вазни 73 кг рақобат карда, тавонист дастболо шавад. Дар мубориза барои нишони биринҷӣ Муҳиддин бар намояндаи Муғулистон - Энхдул Лхaмаа зафар ёфт. Бозиҳои Осиёӣ ҳар чор сол як маротиба таҳти сарпарастии Шӯрои олимпии Осиё баргузор мегарданд. Бозиҳои 20-уми тобистонаи имсола аз 19 сентябр то 4 октябр дар Ҷопон бо иштироки варзишгарон аз 45 кишвар ҷараён доранд. Тоҷикистонро дар ин бозиҳо 104 варзишгар дар 21 намуди варзиш намояндагӣ мекунанд. То имрӯз дастаи мунтахаби кишвар 10 медал ба даст овардааст: ду медали тилло (ҳарду дар намуди MMA), се нуқра ва панҷ биринҷӣ. #спорт 🌐 Telegram | 🌐 VKontakte | 🌐 Rutube | 🌐 Савол додан ё хабар пешниҳод кардан Ба канали TjRusNews обуна шавед!