TjRusNews | Хабарҳои фаврӣ

@tjrusnews · news · Kazakh · slowing

Subscribers 11.2K Subscribers, last 30 days: 11.7K → 11.2K −100 24h · −500 7d
Reach per post (ERR) 4.6%518 avg views
Posting 1.6/day last 15 days ago
Reactions per 1K views 103.4 👏 🥰 😁

Профессор Хисрав Содиқов, собиқ муовини вазири маориф ва ректори Донишгоҳи техникии Тоҷикистон дар синни 89-солагӣ даргузашт. Ӯ 14 майи соли 1937 дар Душанбе, дар хонаводаи тоҷикони Бухоро таваллуд шудааст. Фаъолияташро дар Донишгоҳи техникии Тоҷикистон сар карда, аз вазифаи ассистентӣ, то ректорӣ расидааст. Замоне дар Вазорати маориф ва ҳайси муовини вазир фаъолият доштааст. Ташаббускор ва ташкилкунандаи Ассотсиатсияи TARENA (Истифодабарандагони шабакаи академӣ, илмӣ ва таълимии Тоҷикистон) буд, ки дар назди Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ташкил шудааст. Ҳамчун узви Кумитаи иҷроияи байналмилалии лоиҳаи CAREN-и Комиссияи Аврупо, ки ҳадафаш таъсиси шабакаи илмӣ ва таълимии Осиёи Марказӣ буд, фаъолият намудааст. Муаллифи беш аз 120 асари илмӣ ва таълимӣ аст. #новости 🌐 Telegram | 🌐 VKontakte | 🌐 Rutube | 🌐 Савол додан ё хабар пешниҳод кардан Ба канали TjRusNews обуна шавед!

Views over time

02K4K6K8K30 Sep 12:4512 Nov 19:496.6K30 Sep 12:45: 0 views12 Nov 19:49: 6,570 views
Snapshots we took after posting.
WhenViews
30 Sep 2026, 12:450
12 Nov 2026, 19:496.6K

Who shared this post

Posts in other channels we index that link to this one. (Forwards with a hidden source can't be traced.)

Nobody yet.