Пулиси Душанбе аз ошкор шудани фоҳишахона дар пойтахт хабар дод, ки шаҳрвандони хориҷӣ ташкил кардаанд. Ин ниҳод шаҳрванди кадом давлат будани гумонбаронро зикр накарда, танҳо гуфт, ки онҳо дар меҳмонхонаи “HULBUK PALACE”-и ноҳияи Шоҳмансури шаҳри Душанбе маркази дилхушӣ ташкил карда, онро ба фоҳишахона табдил додаанд. “Гумонбарон ҳамзамон як гурӯҳ ҷавондухтарони сабукпо, ки шаҳрвандони яке аз кишварҳои хориҷӣ мебошанд, барои иҷрои амалҳои шаҳвонӣ ҷалб намуда, бар ивази маблағ барои ба танфурӯшӣ машғул гардидан шароит фароҳам сохтаанд”, - афзуд Пулиси пойтахт. Ҳоло алайҳи гумонбари асосӣ “барои ташкил ё нигаҳдошти фоҳишахонаҳо, даллагӣ ё занҷаллобӣ” (моддаи 239 КҶ) парвандаи ҷиноӣ оғоз шудааст. Бар зидди 22 духтар ва дигар касоне, ки дар ин кирдор даст доштаанд, парвандаи маъмурӣ тартиб дода шудааст. Мақомот мегӯянд, онҳоро аз Тоҷикистон ихроҷ мекунанд. #новости 🌐 Telegram | 🌐 VKontakte | 🌐 Rutube | 🌐 Савол додан ё хабар пешниҳод кардан Ба канали TjRusNews обуна шавед!