Фарзона Ғафурзода, собиқ додраси шаҳри Истиқлол бинобар дучор шудан ба садамае, ки дар натиҷа як кӯдак ҳалок шудааст, аз кор ронда шудааст. Ба иттилои як шоҳиди ҳодиса, Фарзона се моҳ пеш, ҳангоми рондани мошин дар шаҳри Истиқлол ба самти муқобили ҳаракати роҳ баромада, ба мошине бархӯрдааст, ки дар натиҷа як кӯдак ба ҳалокат расидааст. Дар ҳамин ҳол, гуфта мешавад, дар пайи ҳамин садама, модари кӯдак низ ҷароҳат бардошта, дар ҳолати вазнин қарор дорад. Назари худи ӯ ё наздиконаш маълум нест. Фарзона Ғафурзода, 34 сол дошта, хатмкардаи факултаи ҳуқуқшиносии Донишгоҳи миллии Тоҷикистон аст. Дар гузашта дар Додгоҳи олӣ фаъолият намуда, моҳи марти соли 2025 ба вазифаи додраси шаҳри Истиқлол таъин шудааст. Расман шарҳ дода намешавад, ки ӯ кадом амали пасткунандаи шаъну шарафи судяро содир кардааст. #новости 🌐 Telegram | 🌐 VKontakte | 🌐 Rutube | 🌐 Савол додан ё хабар пешниҳод кардан Ба канали TjRusNews обуна шавед!