Ҳунарпешаи мардумии Тоҷикистон Ҷӯрабек Набиев ба унвони «Профессори фахрии консерваторияи миллии Тоҷикистан» сарфароз шуд. Бино бар иттилои Вазорати фарҳанг, ба ҳунарманд ба хотири қадршиносӣ аз саҳми арзандааш дар рушди санъати Шашмақом, тарбияи насли ҷавони ҳунарманд, ҳифз ва идомаи анъанаҳои мусиқии суннатии тоҷик унвони мазкурро доданд. «Унвони «Профессори фахрии Консерваторияи миллии Тоҷикистон ба номи Талабхӯҷа Сатторов» ҳамчун нишони эҳтиром ва эътирофи хизматҳои арзандаи устод Ҷӯрабек Набиев дар назди фарҳанги мусиқии тоҷик арзёбӣ мегардад», — омадааст дар гузориши манбаъ. #новости 🌐 Telegram | 🌐 VKontakte | 🌐 Rutube | 🌐 Савол додан ё хабар пешниҳод кардан Ба канали TjRusNews обуна шавед!