Расул Боқиев, паҳлавоне, ки таърихи олимпии Тоҷикистонро иваз кард, зодрӯзашро таҷлил мекунад — 29 сентябри соли 1982 дар шаҳраки Сомониёни ноҳияи Рӯдакӣ таваллуд шудааст. Падараш Худойназар Боқиев, нахустин устоди варзиши ӯ буд, нозукиҳои гӯштини миллӣ ва ҷудоро аз вай омӯхтааст. Ба қавли худаш, тамринро бо падар аз 4-солагӣ шурӯъ кардааст. Нахустин муваффақияти бузурги ҷаҳонии ӯ соли 2007 ба даст омад. Расул Боқиев дар Чемпионати ҷаҳон оид ба ҷудо дар Рио-де-Жанейро дар вазни то 73 килограмм соҳиби медали биринҷӣ шуд. Муҳимтарин дастовардаш дар Бозиҳои олимпии Пекин-2008 буд — дар вазни то 73 килограмм медали биринҷӣ гирифт. Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон ин медалро нахустин медали олимпии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун давлати соҳибистиқлол медонад. Феълан дар Маскав кор ва зиндагӣ мекунад. Мактаби худашро таъсис додаву ҷавонону наврасонро тарбия мекунад. #новости 🌐 Telegram | 🌐 VKontakte | 🌐 Rutube | 🌐 Савол додан ё хабар пешниҳод кардан Ба канали TjRusNews обуна шавед!