Раисҷумҳур Эмомалӣ Раҳмон судяи шаҳри Истиқлолро бо як фармон аз вазифа озод кард. Дар ҳуҷҷати нашркардаи дафтари матбуоти раисҷумҳур гуфта мешавад, ки Фарзона Ғафурзода, судяи шаҳри мазкур "бинобар содир намудани кирдоре, ки шаъну эътибори судяро паст мезанад" аз вазифа озод карда шудааст. Ҳоло маълум нест, ки ба ҷойи Фарзона Ғафурзода кӣ таъин шудааст. Номбурда соли 2025 ба ин вазифа таъин шуда, то он дам дар Суди Олии Тоҷикистон фаъолият доштааст. #новости 🌐 Telegram | 🌐 VKontakte | 🌐 Rutube | 🌐 Савол додан ё хабар пешниҳод кардан Ба канали TjRusNews обуна шавед!