Раҷаб Аҳмадзода ҳамроҳи модар ва аъзои оила, инчунин як гурӯҳ сокинони шаҳри Хуҷанд ба ноҳияи Ҷаббор Расулов рафта, дар ҳашари пахтачинӣ иштирок намуд. Раиси вилоят ҳамроҳи аъзои оила дар хоҷагии деҳқонии «Абдуқаюмбобо» дар маҷмӯъ беш аз 500 килограмм пахта ҷамъоварӣ намуда, ба саҳмдорон дар сари вақт ва беталаф ҷамъоварӣ кардани ҳосил кумак расониданд. Дар ноҳияи Ҷаббор Расулов имсол дар майдони 4237 гектар пахта кишт шуда, нақшаи ҷамъоварӣ 11 ҳазору 330 тонна мебошад. То имрӯз 2777 тонна пахта ҷамъоварӣ шудааст. Дар фарҷоми ҳашар ба пахтачинон барномаи фарҳангӣ пешниҳод гардида, ба як қатор меҳнаткашони пешқадам туҳфаҳои хотиравӣ тақдим карда шуд. #новости 🌐 Telegram | 🌐 VKontakte | 🌐 Rutube | 🌐 Савол додан ё хабар пешниҳод кардан Ба канали TjRusNews обуна шавед!