Ширкати ҳавопаймоии «Шоҳин Эйрлайнз» нахустин парвози техникии худро бо ҳавопаймои L410 NG аз Душанбе ба Хоруғ анҷом дод. Ин хатсайр барои ба анҷом расонидани парвозҳои мунтазам қадами муҳим гардид. «Мо фаъолиятамонро барои ташкили сафарҳои ҳавоии минтақавӣ дастрастар ва қулай идома медиҳем», — омадааст дар изҳороти ширкати ҳавоӣ. «Шоҳин Эйрлайнз» ҳанӯз аввали моҳи апрел хабар дода буд, ки ба 7 миллион доллар барои парвозҳои дохилӣ ва минтақавӣ ҳавопаймо харидорӣ хоҳад кард. Ширкат гуфта буд, ки ҳавопаймои L410 NG-ро аз Ҷумҳурии Чех ворид мекунад. Ба қавли коршиносон, ҳавомаймои насли нав аз ҷиҳати масрафи сӯзишворӣ самаранок буда, метавонад дар минтақаҳои баландкӯҳ ва фурудгоҳҳои беасфалт истифода шавад. #новости 🌐 Telegram | 🌐 VKontakte | 🌐 Rutube | 🌐 Савол додан ё хабар пешниҳод кардан Ба канали TjRusNews обуна шавед!
TjRusNews | Хабарҳои фаврӣ
Subscribers
11.2K
−100 24h · −500 7d
Reach per post (ERR)
4.6%518 avg views
Posting
1.6/day
last 15 days ago
Reactions per 1K views
103.4
👏 🥰 😁
Views over time
| When | Views |
|---|---|
| 27 Sep 2026, 09:15 | 0 |
| 12 Nov 2026, 19:49 | 2.8K |
Who shared this post
Posts in other channels we index that link to this one. (Forwards with a hidden source can't be traced.)
Nobody yet.