Арӯс бо духтари сесолааш гум шудааст — ду ҳафта аст, ки онҳоро дар ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ ҷустуҷӯ мекунанд. Ба иттилои ВКД Тоҷикистон, 12 сентябр бо ариза ба шӯъбаи ВКД подаршавҳари зан муроҷиат намудааст. Ба қавли вай, субҳи ҳамон рӯз келин ва наберааш, Сарвиноз Қурбоноваи 23-сола, сокини деҳаи Навобод ва духтараш Нилуфар Давлатмуродзодаи 3-сола аз хона баромада, ғайб задаанд. Аз шаҳрвандоне, ки дар бораи ҷойи будубоши Қурбонова Сарвиноз Ҷомаҳмадовна ва кӯдакаш Давлатмуродзода Нилуфар Меҳрочидин маълумоте доранд ё онҳоро дидаанд, хоҳиш карда мешавад, барои муайян намудани ҷойи будубоши онҳо ба мақомоти корҳои дохилӣ хабар диҳанд. #новости 🌐 Telegram | 🌐 VKontakte | 🌐 Rutube | 🌐 Савол додан ё хабар пешниҳод кардан Ба канали TjRusNews обуна шавед!