Файзулло Абдуллоев, собиқ вазири адлия ва раиси Суди конститутсионии Тоҷикистон даргузашт. Ӯ 80 сол дошт. Абдуллоев соли 1946 дар деҳаи Кангурти ноҳияи Темурмалик ба дунё омадааст. Ӯ дар солҳои мушкили ҷанги бародарӣ дар Тоҷикистон вазифаҳои вазири адлия, раиси Суди конститутсиониро иҷро карааст. Файзулло Абдуллоев, яке аз ҳуқуқшиносони варзидаи ҷумҳурӣ буд. Ӯ дар солҳои истиқлолият мушовири роҳбарияти кишварро дар масоили ҳуқуқӣ бар ӯҳда дошт. Хатмкардаи Донишгоҳи миллии Тоҷикистон дар риштаи ҳуқуқшиносӣ аст. Ӯ аз ҷумла аввалин раиси Суди Олии иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҳисоб меравад. Соли 2004 бо қарори Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ӯ ба вазифаи судяи Суди иқтисодии Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил интихоб шуд. Файзулло Абдуллоев дорои унвони «Ҳуқуқшиноси шоистаи Ҷумҳурии Тоҷикистон» мебошад. #новости 🌐 Telegram | 🌐 VKontakte | 🌐 Rutube | 🌐 Савол додан ё хабар пешниҳод кардан Ба канали TjRusNews обуна шавед!