Дар шаҳри Душанбе як сокини 37-солаи ноҳияи Сино дар тасарруфи 97 ҳазору 547 сомонӣ пули ҶДММ “Антарес” гумонбар дониста мешавад. Дар ин бора Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон хабар медиҳад. "Аз моҳи январи соли 2020 то феврали соли 2026 дар ин ширкат кор карда, вебсайт ва барномаи фурӯши чиптаҳои ҳавопаймоиро таҳия карда, тавассути ин система чипта мефурӯхт ва пулашро ба мақсадҳои шахсӣ сарф кардааст", - омадааст дар маълумоти тафтишот. Тафтишот идома дорад. #новости 🌐 Telegram | 🌐 VKontakte | 🌐 Rutube | 🌐 Савол додан ё хабар пешниҳод кардан Ба канали TjRusNews обуна шавед!