Навори шикояти кӯдак аз муаллим дар шабакаҳои иҷтимоӣ дар Тоҷикистон баҳсбарангез шуд. Дар он духатараке аз баҳои «ду» ва муносибати бади устоди забони англисиаш шикоят мекунад. Дар он видео ҳамчунин кӯдак иддао мекунад, ки муаллим таҳдид ба задан мекунад ва намемонад «нон хӯрад». Ҳодиса дар Гимназияи давлатии рақами 1 дар ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ рух додааст. Шӯъбаи маорифи ноҳияи мазкур ҳам қазияро шарҳ додааст. Духтарак, Сафарзода Марям ном дошта, муаллими англисӣ, Қурбонбӣ Шукурова будааст, ки се сол боз дар ҳамин мактаб кор мекардааст. Шӯъбаи маориф воқеаро санҷида, муаллимро ҷонибдорӣ ва ба амалҳои ӯ баҳои қонунӣ додааст. Санҷиш муайян кардааст, ки дар ҳақиқат Марям ба дарс омода набудааст. Шӯъба ба нафароне, ки кӯдаконро ба навор гирифта, паҳн мекунанд, ёдрас намудааст, ки ин амал вайрон кардани ҳуқуқҳои кӯдак ба ҳисоб меравад ва ҷавобгарӣ дорад. #новости 🌐 Telegram | 🌐 VKontakte | 🌐 Rutube | 🌐 Савол додан ё хабар пешниҳод кардан Ба канали TjRusNews обуна шавед!
TjRusNews | Хабарҳои фаврӣ
Subscribers
11.2K
−100 24h · −500 7d
Reach per post (ERR)
4.6%518 avg views
Posting
1.6/day
last 15 days ago
Reactions per 1K views
103.4
👏 🥰 😁
Views over time
| When | Views |
|---|---|
| 24 Sep 2026, 09:05 | 0 |
| 12 Nov 2026, 19:49 | 6.5K |
Who shared this post
Posts in other channels we index that link to this one. (Forwards with a hidden source can't be traced.)
Nobody yet.