Дар як тарабхона дар Хуҷанд ҳангоми тӯй тир кушодаанд — ҷанҷол миёни моликони тарабхона ва соҳибони маърака сар задааст. Ҳодиса дар тарабхонаи «Тоҷмаҳал», 12 сентябр рух дода будааст ва феълан Додситони шаҳри Хуҷанд ба таҳқиқи он шурӯъ кардааст. Ҳангоми ҷанҷол, кормандони милиса даъват шудаанд, вале вақте ҷонибҳо ба талаботи мақомот риоя накардаанд, кормандони иловагии мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ба ҷои ҳодиса расида, барои ором кардани тарафҳо, ба ҳаво тир холӣ кардаанд. Ҳоло мақомот расман ҳодисаро шарҳ надодаанд. Гуфта мешавад, соҳибони маърака, яке аз пайвандони раиси пешини бозори «Панҷшанбе» Абдураҳим Исмоилов будааст. #новости #происшествия 🌐 Telegram | 🌐 VKontakte | 🌐 Rutube | 🌐 Савол додан ё хабар пешниҳод кардан Ба канали TjRusNews обуна шавед!