Сокини 37-солаи шаҳри Душанбе Кароматуллои Исматулло бо гумони содир кардани қаллобӣ ба маблағи 5,5 миллион сомонӣ боздошт шуд. «Номбурда бо роҳи фиреб ва бо баҳонаи дастрас намудани манзил ба шаҳрвандон, аз онҳо маблағҳои калон гирифта, онҳоро барои эҳтиёҷоти шахсии худ истифода кардааст. Дар айни замон 4 ҳолати қаллобӣ аз ҷониби гумонбаршуда ошкор гардида, зарари умумии ба шаҳрвандон расонидашуда 5 миллиону 500 ҳазор сомониро ташкил медиҳад», — хабар медиҳад Раёсати ВКД дар шаҳри Душанбе. Нисбати гумонбаршуда бо моддаи 247, қисми 4-и Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон парвандаи ҷиноятӣ оғоз карда шудааст. #новости 🌐 Telegram | 🌐 VKontakte | 🌐 Rutube | 🌐 Савол додан ё хабар пешниҳод кардан Ба канали TjRusNews обуна шавед!