Имрӯз, 21 сентябр — рӯзи ёдбуди ҳунарманди нотакрори тоҷик Наргис Бандишоева. Ӯ дар ҳамин рӯз соли 1992 дар роҳи Душанбе — Варзоб дар садамае фоҷеабор кушта шуда буд ва дар Душанбе ба хок супурда шуд. Наргис 8 октябри соли 1966 дар оилаи оҳангсози маъруф Ҳукуматшоҳ Бандишоев ва Бунафша Бекова зода шуда, бародарзодаи Савсан Бандишоева ва Марватшоҳ Бандишоев мебошад. Ӯ дастпарвари мактаби мусиқии «Чайковский» дар Душанбе буд; падараш ӯро навохтани фортепиано ёд дод. Пас аз он Наргис дар Донишкадаи ҳунарҳои зебои ба номи Мирзо Турсунзода ҳунар омӯхт, аз ҷумла аз устод Меҳрубон Назаров. Соли 1989 Наргис дар озмуни «Нахустин ҳунарнамоии ҷавонон» ширкат кард ва бо суруди «Лалаик» пирӯз шуд, пас «Мисс Иссык‑Кӯл — 89» гардид. Дар озмуни «Садои Осиё» аз 150 овозхон танҳо 30 нафар интихоб шуданд; Наргис аз Тоҷикистон дар ин озмун ширкат дошт ва пирӯз шуд, ситораи мусиқии Тоҷикистон ва Осиёи Миёна гардид. Наргис бештар сурудҳоро бар ашъори шоирони номдори тоҷик месуруд, сабки вижа дошт ва то кунун дар Тоҷикистону ҷаҳон дӯстдорони зиёде дорад. #новости 🌐 Telegram | 🌐 VKontakte | 🌐 Rutube | 🌐 Савол додан ё хабар пешниҳод кардан Ба канали TjRusNews обуна шавед!