Паҳлавонони самбои тоҷик Ҷоми ҷаҳониро дар Душанбе бо 8 медал ба анҷом расониданд. Даста 2 тилло, 2 нуқра ва 4 биринҷӣ дорад. Медалбардорон: 🔵Тилло: Рамазон Ҷумъаев (то 88 кг, самбои варзишӣ), Анӯшервон Назарзода (то 58 кг, самбои ҷангӣ). 🔵Бронҷӣ: Баҳромҷон Имомзода (то 98 кг), Беҳрӯз Ҳалимов (то 71 кг), Сиёвуш Солиҳов (то 58 кг) - самбои варзишӣ; Комроншоҳ Устопириён (то 98 кг) - самбои ҷангӣ; Шоҳруҳ Назаров (то 79 кг), Раҷаб Ҳусейнов (то 98 кг) - самбо барои шахсони нобино. Дар ин мусобиқа 250 варзишгар аз 16 кишвар дар се ришта ширкат карданд. Соли гузашта дар Душанбе паҳлавонони тоҷик нӯҳ медал (ду тилло, се нуқра ва чор биринҷӣ) ба даст оварданд. #спорт 🌐 Telegram | 🌐 VKontakte | 🌐 Rutube | 🌐 Савол додан ё хабар пешниҳод кардан Ба канали TjRusNews обуна шавед!