Илҳом Тагиров, овозхони ҷавон аз Тоҷикистон ба давраи нимноҳоии озмуни «Ну-ка, все вместе!» гузашт ва ба он омодагӣ мебинад. Ӯ дар мусоҳибаи ихтисосӣ бо TRN нақл кард, ки чӣ гуна ба Русия кӯчид, одат кард ва ҳунарашро сайқал медиҳад. Илҳом Тагиров ҳамчунин шарҳ дод, ки чаро худро дар шоу-барнома аз Маскав гуфт. Аслан, ин бори нахуст нест, ки ҳунарманд дар Русия ба озмунҳои калон роҳ меёбад. Ӯ дар соли 2021 дар шоуи «Голос» иштирок намуда ва то давраи нимниҳоӣ расида буд. Пас аз он, ҳунарманд дар мусоҳиба бо рӯзноманигорон гуфт, ки қарор дод ба Русия кӯчанд ва ҳунарашро дар ин кишвар сайқал диҳад. Овозхон мегӯяд, дар умум, ба Маскав зуд одат кард, вале ба ин нигоҳ накарда, осон набуд, зеро бозори кор дар ин ҷо барояш шинос набуд. Вале ҳама пушти сар шуданду ҳоло ҳам кор мекунад ва ҳам ҳунари худро сайқал медиҳад. «Ман ба эҷоди таронаҳои худам шурӯъ кардам», меафзояд вай. Бархе аз корбарон аз он изҳори норозигӣ карданд, ки Илҳом Тагиров дар барнома худро аз Маскав муаррифӣ кард. Вале овозхон мегӯяд, ҳаргиз мақсади пинҳон кардани зодгоҳашро надошт ва мувофиқи савол ҷои истиқомати феълии доимии худро гуфт. «Дар барнома мо шаҳрҳоеро номбар кардем, ки дар онҳо айни замон доимӣ зиндагӣ мекунем, аз ин рӯ Маскав ҳамчун шаҳри ман номбар шудааст. Дар пурсиши лоиҳа, ман ростқавлона гуфтам, ки ман аз Тоҷикистон ҳастам - ман нияти пинҳон кардани чизеро надоштам. Дар мавриди миллатам низ, ман инро дар шабакаҳои иҷтимоӣ ошкоро гуфтаам», — қайд мекунад вай. Ба қавли Илҳом, шаҳри калон имконияти васеъ барои шиносоӣ бо фарҳангҳои гуногун, андешаҳои ҷолиби зиёд медиҳад, шоҳиди назарҳои нав мешавед, вале дар баробари ин, худро гум накардан ҳам муҳим аст. #новости #культура 🌐Telegram | 🌐VKontakte | 🌐Rutube | 🌐Савол додан ё хабар пешниҳод кардан Ба канали TjRusNews обуна шавед!
TjRusNews | Хабарҳои фаврӣ
Subscribers
11.2K
−100 24h · −500 7d
Reach per post (ERR)
4.6%518 avg views
Posting
1.6/day
last 15 days ago
Reactions per 1K views
103.4
👏 🥰 😁
Views over time
| When | Views |
|---|---|
| 20 Sep 2026, 15:32 | 0 |
| 12 Nov 2026, 19:49 | 138 |
Who shared this post
Posts in other channels we index that link to this one. (Forwards with a hidden source can't be traced.)
Nobody yet.