Хориҷиёне, ки барои дар Русия қарор доштан асосҳои қонунӣ надоранд, ба Феҳристи ашхоси таҳти назорат (Реестр контролируемых лиц) ворид карда мешаванд. Ба онҳо ихроҷ аз кишвар таҳдид мекунад. Ба Феҳристи мазкур (РКЛ) метавон бо сабабҳои зерин шомил шуд: 🔵 Вайрон кардани муҳлати иқомати иҷозатдодашуда бидуни расмиёти патент, РВП (иҷозатномаи иқомати муваққатӣ) ё ВНЖ (иҷозатномаи иқомати доимӣ). 🔵 Бекор кардани патент, РВП ё ВНЖ, масалан, бинобар напардохтани маблағи патент ё бо қарори ВКД (Вазорати корҳои дохилӣ). 🔵 Гирифтани ду ва зиёда ҷаримаи маъмурӣ дар давоми як сол. 🔵 Сарпечӣ аз дактилоскопия (ангуштнигорӣ) ва аксбардорӣ. 🔵Пешниҳоди маълумоти бардурӯғ ҳангоми тартиб додани ҳуҷҷатҳо. Шомил шудан ба ин феҳрист маънои амалан «баста шудани ҳуқуқҳои шаҳрвандӣ»-ро ҳатто пеш аз тарк кардани Русия дорад. #эксперты 🌐 Telegram | 🌐 VKontakte | 🌐 Rutube | 🌐 Савол додан ё хабар пешниҳод кардан Ба канали TjRusNews обуна шавед!
TjRusNews | Хабарҳои фаврӣ
Subscribers
11.2K
−100 24h · −500 7d
Reach per post (ERR)
4.6%518 avg views
Posting
1.6/day
last 15 days ago
Reactions per 1K views
103.4
👏 🥰 😁
Views over time
| When | Views |
|---|---|
| 20 Sep 2026, 10:59 | 0 |
| 12 Nov 2026, 19:49 | 110 |
Who shared this post
Posts in other channels we index that link to this one. (Forwards with a hidden source can't be traced.)
Nobody yet.