#ЭмомалӣРаҳмон #ЭмомалиРахмон #EmomaliRahmon #Тоҷикистон #Таджикистан #Tajikistan #Президент #President #Тоҷикон #Таджики #Туркманистон #Туркменистан #Turkmenistan President.tj | Facebook | Instagram | Telegram | X | Youtube
Эмомалӣ Раҳмон - Emomali Rahmon ✔
Саҳифаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Телеграм Саҳифаи мазкур аз тарафи Хадамоти матбуоти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон корбарӣ мешавад. Сайт: http://www.president.tj Facebook: https://www.fb.com/emomalirahmontjk
-
edited -
edited Истиқболи Пешвои миллат дар фурудгоҳи Туркменбошӣ #ЭмомалӣРаҳмон #ЭмомалиРахмон #EmomaliRahmon #Тоҷикистон #Таджикистан #Tajikistan #Президент #President #Тоҷикон #Таджики #Туркманистон #Туркменистан #Turkmenistan President.tj | Facebook | Instagram | Telegram | X | Youtube
-



+1
-
edited
8 октябр Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои иштирок дар ҷаласаи Шурои сарони давлатҳои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил ва Вохӯрии 8-уми машваратии сарони давлатҳои Осиёи Марказӣ ва Озарбойҷон ба Туркманистон сафар карданд. Дар ин сафар Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро муовини якуми Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон, вазири корҳои хориҷӣ, ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои робитаҳои хориҷӣ, директори Агентии захираҳои моддии давлатӣ ва дигар шахсони расмӣ ҳамроҳӣ мекунанд. 8 октября Президент Республики Таджикистан, Лидер нации уважаемый Эмомали Рахмон отбыл в Туркменистан для участия в заседании Совета глав государств Содружества Независимых Государств и восьмой Консультативной встрече глав государств Центральной Азии и Азербайджана. Дар ин сафар Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро муовини якум ва муовини Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон, вазири корҳои хориҷӣ, ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои робитаҳои хориҷӣ, директори Агентии захираҳои моддии давлатӣ ва дигар шахсони расмӣ ҳамроҳӣ мекунанд. #ЭмомалӣРаҳмон #ЭмомалиРахмон #EmomaliRahmon #Тоҷикистон #Таджикистан #Tajikistan #Президент #President #Тоҷикон #Таджики President.tj | Facebook | Instagram | Telegram | X | Youtube
-
7 октябр Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Президенти Федератсияи Русия муҳтарам Владимир Путин суҳбати телефонӣ анҷом доданд.Дар оғози суҳбат Пешвои миллат, бо таманниёти сиҳатмандиву некрӯзӣ ва комгорӣ дар фаъолияти давлатӣ Президенти Русияро ба муносибати зодрӯзашон самимона табрик гуфтанд. Ҳамзамон, Сарвари давлати мо саҳми шахсии назарраси муҳтарам Владимир Путинро дар пешбурди раванди таҳкиму тавсеаи робитаҳои шарикии стратегии ду кишвар бахусус таъкид карданд. 7 октября состоялся телефонный разговор Президента Республики Таджикистан, Лидера нации, уважаемого Эмомали Рахмона и Президента Российской Федерации уважаемого Владимира Путина.В начале беседы Лидер нации с пожеланиями здоровья, благополучия и успехов в государственной деятельности тепло поздравил Президента России по случаю Дня рождения. В этом контексте Глава нашего государства особо подчеркнул значительный вклад уважаемого Владимира Путина в продвижении процесса укрепления и расширения стратегического партнёрства между двумя странами. #ЭмомалӣРаҳмон #ЭмомалиРахмон #EmomaliRahmon #Тоҷикистон #Таджикистан #Tajikistan #Президент #President #Тоҷикон #Таджики #Русия #Россия #Russia President.tj | Facebook | Instagram | Telegram | X | Youtube
-



+6
6 октябр Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон пас аз анҷоми сафари корӣ дар шаҳру ноҳияҳои минтақаи Кӯлоби вилояти Хатлон, ба шаҳри Душанбе баргаштанд.Маросим гусели Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо шаҳомати хоса бо иштироки ҳунармандон, фаъолон ва ҷавонони шаҳри Кӯлоб, барномаи рангини ҳунарӣ ва суруду таронаҳои ватандӯстона дар фазои фараҳмандӣ ва шодию нишот сурат гирифт. Мардуми саодатманди шаҳри Кӯлоб Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро дар фазои эҳтироми хоса ва муҳаббати беандоза гусел намуданд. #ЭмомалӣРаҳмон #ЭмомалиРахмон #EmomaliRahmon #Тоҷикистон #Таджикистан #Tajikistan #Президент #President #Тоҷикон #Таджики #Хатлон #Khatlon President.tj | Facebook | Instagram | Telegram | X | Youtube
-



+6
5 октябр Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Кӯлоб дар чорабинии тантанавии идона ба ифтихори ҷашни умумимиллӣ - 35-умин солгарди Истиқлоли давлатӣ иштирок ва суханронӣ намуданд.Нахуст Роҳбари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мардуми сарбаланд ва бонангу номуси шаҳри Кӯлобро ба муносибати солгарди 35-уми истиқлоли давлатӣ ва санаи муҳим - Рӯзи забони давлатӣ, ки яке аз муқаддасоти миллӣ ва аз ҷумлаи арзишҳои зиндагисози миллати куҳанбунёди тоҷик мебошад, табрику таҳният гуфтанд. Таъкид гардид, ки 35 сол пеш миллати тоҷик ба ормони ҳазорсолаи худ - соҳиб гардидан ба давлати мустақилу соҳибихтиёр расид. “Дар ин муддати кӯтоҳи таърихӣ мо тавонистем бо заҳмати шабонарӯзӣ ва иродаи бузурги мардуми шарифи тоҷик пояҳои давлатдории миллии худро таҳким бахшем ва Тоҷикистони маҳбубамонро ба кишвари рӯ ба пешрафт ва соҳиби обрӯи шоиста дар арсаи байналмилалӣ табдил диҳем”, - изҳор доштанд Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон. #ЭмомалӣРаҳмон #ЭмомалиРахмон #EmomaliRahmon #Тоҷикистон #Таджикистан #Tajikistan #Президент #President #Тоҷикон #Таджики #Хатлон #Khatlon President.tj | Facebook | Instagram | Telegram | X | Youtube
-



+1
5 октябр Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар минтақаи озоди иқтисодии Кӯлоб бо лоиҳаи бунёди маҷмааи нассоҷӣ шинос шуда, барои бунёди он санги асос гузоштанд.Ба Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иттилоъ дода шуд, ки маҷмаа аз ҷониби ҶДММ Текстил Тоҷикистон ва ҶДММ Пахтаи Тоҷикистон бо ҷалби сармояи хориҷӣ бунёд карда мешавад. Иқтидори коргоҳи ресандагӣ 10 ҳазор тонна ришта ва то 3 ҳазор тонна матои трикотажӣ дар як сол мебошад. Дар маҷмӯъ дар ин коргоҳҳо 440 сокини маҳаллӣ бо кор таъмин мешаванд. #ЭмомалӣРаҳмон #ЭмомалиРахмон #EmomaliRahmon #Тоҷикистон #Таджикистан #Tajikistan #Президент #President #Тоҷикон #Таджики #Хатлон #Khatlon President.tj | Facebook | Instagram | Telegram | X | Youtube
-



+5
5 октябр зимни сафари кории Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба шаҳру ноҳияҳои вилояти Хатлон, дар шаҳри Кӯлоб лоиҳаҳои бунёду барқарорсозии роҳ ва пулҳои мошингарди дорои аҳамияти иқтисодию иҷтимоӣ муаррифӣ гардиданд, ки татбиқи онҳо ба рушди инфрасохтори нақлиётӣ ва беҳтар намудани сатҳи зиндагии аҳолӣ мусоидат хоҳад кард.Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон супориш доданд, ки корҳои созандагию ободонӣ ба хотири рушди инфрасохтори нақлиётӣ ба сифати ҷавобгӯ ба талаботи меъёрҳо ба роҳ монда шавад. Ҳадафи асосӣ аз амалӣ намудани лоиҳаи бунёду навсозии роҳҳои мошингард таъмини бехатарӣ ва ҳаракати мунтазами воситаҳои нақлиёт, аз ҷумла ба меъёрҳои байналмилалӣ мутобиқ намудани ҳолат ва андозаҳои геометрии роҳ, инчунин сарфа намудани вақт ва сӯзишворӣ ва таъсиси ҷойҳои нави корӣ мебошад. #ЭмомалӣРаҳмон #ЭмомалиРахмон #EmomaliRahmon #Тоҷикистон #Таджикистан #Tajikistan #Президент #President #Тоҷикон #Таджики #Хатлон #Khatlon President.tj | Facebook | Instagram | Telegram | X | Youtube
-



+6
5 октябр Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон баъд аз ифтитоҳи бинои маъмурии МОИ Кӯлоб як қатор иншооти муҳими иҷтимоию иқтисодӣ ва инфрасохториро ба таври фосилавӣ мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд.Дар маҷмуъ зимни сафари кории Пешвои миллат ба шаҳри Кӯлоб 51 иншооти нав мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифта, барои бунёди 5 иншооти муҳимми иқтисодиву зербиноӣ санги асос гузошта шуд. #ЭмомалӣРаҳмон #ЭмомалиРахмон #EmomaliRahmon #Тоҷикистон #Таджикистан #Tajikistan #Президент #President #Тоҷикон #Таджики #Хатлон #Khatlon President.tj | Facebook | Instagram | Telegram | X | Youtube
-



+4
5 октябр Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни сафари корӣ ба шаҳру ноҳияҳои вилояти Хатлон, дар шаҳри Кӯлоб бинои нави маъмурияти минтақаи озоди иқтисодии Кӯлобро мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд.Бинои нави Маъмурияти минтақаи озоди иқтисодии Кӯлоб бо риояи санъати баланди меъморӣ бунёд гардида, дар рафти корҳои сохтмонӣ беш аз 100 сокини маҳаллӣ ба кори муваққатӣ ҷалб гардиданд. Баъди ба истифода додани иншооти мазкур барои 60 корманди минтақаи мазкур ҷойи кории доимӣ ташкил гардида, кормандони он бо тамоми шароити лозима таъмин карда шуданд. #ЭмомалӣРаҳмон #ЭмомалиРахмон #EmomaliRahmon #Тоҷикистон #Таджикистан #Tajikistan #Президент #President #Тоҷикон #Таджики #Хатлон #Khatlon President.tj | Facebook | Instagram | Telegram | X | Youtube
-



+6
5 октябр зимни сафари кории Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба шаҳри Кӯлоб дар минтақаи озоди иқтисодии Кӯлоб корхонаи истеҳсоли қисмҳои эҳтиётии автомобилӣ ҶДММ Тоҷик-Алмос мавриди истифода қарор дода шуд.Ба Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иттилоъ дода шуд, ки иқтидори истеҳсолии корхона дар як сол 700 ҳазор дона маҳсулотро ташкил дода, дар марҳилаи фаъолияти пурраи истеҳсолӣ имкони истеҳсоли беш аз 150 номгӯи ҳавотозакунак пешбинӣ шудааст. Ба Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иттилоъ дода шуд, ки марҳилаи дуюми корхонаи ҶДММ Тоҷик Алмос дар муҳлати як сол бунёд гардида, дар он истеҳсоли ҷузъҳои резинии қисмҳои ҳаракатдиҳандаи воситаҳои нақлиёт ба роҳ монда мешавад. Дар доираи ин марҳила 30 ҷойи корӣ таъсис дода шуда, иқтидори солонаи истеҳсолии он 400 ҳазор маҳсулотро ташкил хоҳад дод. #ЭмомалӣРаҳмон #ЭмомалиРахмон #EmomaliRahmon #Тоҷикистон #Таджикистан #Tajikistan #Президент #President #Тоҷикон #Таджики #Хатлон #Khatlon President.tj | Facebook | Instagram | Telegram | X | Youtube
-



5 октябр Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Кӯлоб марказҳои обтаъминкунӣ ва корезро дар деҳаҳои Корез, Валиҷон Шамсов ва Тӯдакафш ба истифода доданд. Иншоот барои беҳтар намудани таъминоти аҳолӣ бо оби тозаи ошомиданӣ ва рушди инфрасохтори коммуналии шаҳри Кӯлоб сохта шудаанд. Ба Пешвои миллат иттилоъ дода шуд, ки марказҳои нав бо таҷҳизоти зарурӣ таъмин буда, барои қабули об, захира ва интиқоли он ба маҳаллаҳои аҳолинишин пешбинӣ шудаанд. Дар деҳаи Корез маркази обтаъминкунӣ бо ҳавзи захиравӣ, истгоҳи обкашӣ ва дигар иншооти ёрирасон ба истифода дода шуд. Фаъолияти он имкон медиҳад, ки таъминоти сокинон бо оби ошомиданӣ мунтазам ба роҳ монда шавад. #ЭмомалӣРаҳмон #ЭмомалиРахмон #EmomaliRahmon #Тоҷикистон #Таджикистан #Tajikistan #Президент #President #Тоҷикон #Таджики #Хатлон #Khatlon President.tj | Facebook | Instagram | Telegram | X | Youtube
-



+4
5 октябр зимни сафари кории Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба шаҳри Кӯлоб дар деҳаи Маҳмадали Ғаффоров Беморхонаи хусусии ташхисию табобатии Мирзоён ба истифода дода шуд.Ба Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иттилоъ дода шуд, ки иншооти нави тандурустӣ бо саҳми соҳибкорони маҳаллӣ Мирзо Гадоев ва фарзандаш Хуршед Гадоев, инчунин Мирзозода Хушбахт ва Зуҳуршо бунёд гардидааст. Беморхонаи Мирзоён дорои шаш шуъба ва 36 ҳуҷраи корӣ буда, барои хизматрасониҳои ташхисӣ ва табобатӣ ба аҳолӣ имкониятҳои зарурӣ фароҳам меорад. Дар сохтори беморхона шуъбаҳои бемориҳои занона, дарунӣ, қалб, ҷарроҳӣ ва кӯдакона бо 50 кат фаъолият менамоянд. Ҳамчунин дар беморхона шуъбаи табобати физиотерапевтӣ ташкил гардида, он имконият дорад дар як вақт то 55 беморро бо намудҳои гуногуни муолиҷа фаро гирад. #ЭмомалӣРаҳмон #ЭмомалиРахмон #EmomaliRahmon #Тоҷикистон #Таджикистан #Tajikistan #Президент #President #Тоҷикон #Таджики #Хатлон #Khatlon President.tj | Facebook | Instagram | Telegram | X | Youtube
-



+6
5 октябр Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Кӯлоб 10 иншооти соҳаи маорифро ба таври фосилавӣ мавриди истифода қарор доданд.Ифтитоҳи фосилавии 10 иншооти соҳаи маориф дар шаҳри Кӯлоб туҳфаи арзишманди Пешвои миллат ба аҳли маориф дар рӯзҳои таҷлили 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон арзёбӣ гардид. #ЭмомалӣРаҳмон #ЭмомалиРахмон #EmomaliRahmon #Тоҷикистон #Таджикистан #Tajikistan #Президент #President #Тоҷикон #Таджики #Хатлон #Khatlon President.tj | Facebook | Instagram | Telegram | X | Youtube
-
Зодрӯзи Пешвои миллат муборак бод! 05.10.2026
-



+6
5 октябр Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар хиёбони Исмоили Сомонии шаҳри Кӯлоб муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии рақами 51 ба номи Худоёр Раҷабовро, ки баъд аз таъмиру навсозии пурра омода гардидааст, мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд.Ба Сарвари давлат иттилоъ дода шуд, ки муассисаи таълимӣ соли 2004 бунёд ва ба истифода дода шуда буд, вале бо гузашти вақт ба таъмиру навсозӣ ниёз пайдо намуд. Корҳои навсозӣ бо саҳмгузории оилаи Ҷобирзодаҳо ва бо ҷалби 200 коргари маҳаллӣ дар якҷоягӣ бо Вазорати маориф ва илми кишвар дар муҳлати кутоҳ бо сифати баланд ба анҷом расонида шуд. Акнун дар муассисаи навсозишуда 2600 хонанда дар ду баст бо шароити ба талаботи имрӯза ҷавобгӯ ба таҳсил фаро гирифта мешавад. Дар муассисаи навсозишуда 93 омӯзгор ва 26 корманди техникӣ бо кор ба кор ҷалб шудаанд. #ЭмомалӣРаҳмон #ЭмомалиРахмон #EmomaliRahmon #Тоҷикистон #Таджикистан #Tajikistan #Президент #President #Тоҷикон #Таджики #Хатлон #Khatlon President.tj | Facebook | Instagram | Telegram | X | Youtube
-



+5
5 октябр сафари кории Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба шаҳру ноҳияҳои вилояти Хатлон дар шаҳри Кӯлоб идома ёфт.Нахуст Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон корхонаи истеҳсоли нӯшокиҳои ташнагишикани ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди Мабноро ба истифода доданд. Корхона дар масоҳати 7 ҳазор метри мураббаъ бунёд гардида, бо хатҳои технологии муосир муҷаҳҳаз мебошад. Иқтидори истеҳсолии он 32 тонна маҳсулот дар як шабонарӯзро ташкил медиҳад. Ба Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иттилоъ дода шуд, ки дар корхона истеҳсоли 15 намуди маҳсулот ба роҳ монда шудааст. #ЭмомалӣРаҳмон #ЭмомалиРахмон #EmomaliRahmon #Тоҷикистон #Таджикистан #Tajikistan #Президент #President #Тоҷикон #Таджики #Хатлон #Khatlon President.tj | Facebook | Instagram | Telegram | X | Youtube
-
5 октябр Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар паёми шодбошӣ рӯзи забони давлатиро ба мардуми шарифи Тоҷикистон ва ҳамзабонони бурунмарзиамон табрик гуфта, ба ҳар як хонадони кишвар рӯзгори ободу осуда ва ба забони нобу ширини тоҷикии форсӣ умри ҷовидон орзу намуданд. 5 октября Президент Республики Таджикистан, Лидер нации уважаемый Эмомали Рахмон в своём поздравительном послании поздравляя славный народ Таджикистана и наших соотечественников, проживающих за рубежом, с Днём государственного языка, пожелал каждой семье нашей страны благополучия и спокойной жизни, а великолепному и сладкозвучному таджикско-персидскому языку – вечной жизни. #ЭмомалӣРаҳмон #ЭмомалиРахмон #EmomaliRahmon #Тоҷикистон #Таджикистан #Tajikistan #Президент #President #Тоҷикон #Таджики #РӯзиЗабониДавлатӣ #ДеньГосударственногоЯзыка President.tj | Facebook | Instagram | Telegram | X | Youtube
-



+5
Қисми минтақавии Раёсати Вазорати корҳои дохилӣ дар вилояти Хатлон оид ба гурӯҳи ноҳияҳои Кӯлоб иншооти дигари тозабунёд дар маркази шаҳри Кӯлоб мебошад, ки 4 октябр бо иштироки Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ифтитоҳ гардид. Зимни шиносоӣ ба Роҳбари давлат иттилоъ дода шуд, ки дар ин бинои бисёрошёна барои кормандони 20 шуъба ва гурӯҳҳои 10 ноҳияи минтақаи Кӯлоб шароити муосири хизматӣ фароҳам оварда шудааст. Бинои қисми минтақавии Раёсати Вазорати корҳои дохилӣ дар вилояти Хатлон оид ба гурӯҳи ноҳияҳои Кӯлоб бо ҷалби коргарони маҳаллӣ ва бо истифодаи масолеҳи босифати сохтмонӣ бунёд шуда, ба муносибати 35-солагии Истиқлоли давлатӣ туҳфаи арзишманди Ҳукумати кишвар ба кормандони ин мақомот гардид. #ЭмомалӣРаҳмон #ЭмомалиРахмон #EmomaliRahmon #Тоҷикистон #Таджикистан #Tajikistan #Президент #President #Тоҷикон #Таджики #Хатлон #Khatlon President.tj | Facebook | Instagram | Telegram | X | Youtube
- Older posts