13 ноябр дар шаҳри Душанбе Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ Беморхонаи байналмилалии Душанберо мавриди истифода қарор доданд. Зимни шиносоӣ ба Пешвои миллат иттилоъ дода шуд, ки беморхона барои дар як вақт ба ташхис фаро гирифтани 1200 мизоҷ ва хобондани 150 бемор пешбинӣ шуда, дорои 30 шуъба мебошад. Ҳамаи шуъбаҳо бо таҷҳизоти муосири ташхисӣ, табобатӣ ва озмоишгоҳӣ муҷаҳҳазанд. Муассисаи тиббӣ бо истифода аз технологияи рақамӣ фаъолият намуда, тамоми марҳилаҳои хизматрасонӣ, аз бақайдгирии беморон то ташхис, табобат ва дастрас намудани натиҷаҳои муоина дар низоми ягонаи иттилоотӣ ба роҳ монда шудаанд. Гуфта шуд, ки дар беморхона 186 мутахассиси ватанию хориҷӣ, аз ҷумла, табибон, ҳамшираҳои тиббӣ, мутахассисони озмоишгоҳ ва кормандони маъмурӣ ба кор қабул шудаанд. Оянда бо пурра ба роҳ мондани фаъолияти шуъбаҳо то 420 мутахассис соҳиби кори доимӣ мешаванд. Дастгоҳҳои ташхисии муассиса бо имкониятҳои зеҳни сунъӣ муҷаҳҳаз буда, барои ташхиси дақиқи бемориҳои мағзи сар, дил, шуш, сутунмуҳра ва дигар узвҳо пешбинӣ гардидааст. #ЭмомалӣРаҳмон #ЭмомалиРахмон #EmomaliRahmon #Тоҷикистон #Таджикистан #Tajikistan #Президент #President #Тоҷикон #Таджики #Душанбе #Dushanbe President.tj | Facebook | Instagram | Telegram | X | Youtube