Эмомалӣ Раҳмон - Emomali Rahmon ✔

@emomalirahmontjk · news · Russian · active

Subscribers 26K Subscribers, last 30 days: 26K → 26K +0 24h · +0 7d
Reach per post (ERR) 27.3%7.1K avg views
Posting 3.0/day last 9 hours ago
Reactions per 1K views 0.0

2 ноябр Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар доираи сафари корӣ ба вилояти Суғд дар хиёбони Сомонии шаҳри Истаравшан бинои маҷмааи миллии соҳибкорӣ Роҳи Абрешимро мавриди истифода қарор доданд. Иншоот аз 18 ошёна ва инфрасохтори зарурӣ иборат буда, дар қабатҳои якуму дуюм маркази савдои Ширин бо 120 ҷойи корӣ ва мағозаҳои брендӣ ва армуғонӣ бо 60 ҷойи кори ташкил карда шудааст. Инчунин қаҳвахона бо 60 ҷой дар ошёнаи якум пешбинӣ шудааст. Маҷмаа, ҳамчунин, дорои толори машқу тамрин, маркази солимгардонӣ, ҳавзи шиноварӣ, ҳаммом, тарабхона, меҳмонхона, ҳуҷраҳои корӣ ва хонаҳои истиқоматӣ мебошад. Дар иншоот 6 лифт, аз ҷумла 2 лифти панорамавӣ ва 6 эскалатор насб гардидааст. Дар маҷмуъ баъди ба истифода додани маҷмааи миллии соҳибкории Роҳи Абрешим зиёда аз 250 сокини маҳаллӣ бо кори доимӣ таъмин мегарданд. #ЭмомалӣРаҳмон #ЭмомалиРахмон #EmomaliRahmon #Тоҷикистон #Таджикистан #Tajikistan #Президент #President #Тоҷикон #Таджики #Суғд #Согд #Sughd President.tj | Facebook | Instagram | Telegram | X | Youtube

Views over time

02K4K6K2 Nov 09:3811 Nov 18:295K2 Nov 09:38: 0 views11 Nov 18:29: 4,950 views
Snapshots we took after posting.
WhenViews
2 Nov 2026, 09:380
11 Nov 2026, 18:295K

Who shared this post

Posts in other channels we index that link to this one. (Forwards with a hidden source can't be traced.)

Nobody yet.