Эмомалӣ Раҳмон - Emomali Rahmon ✔

@emomalirahmontjk · news · Russian · active

Subscribers 26K Subscribers, last 30 days: 26K → 26K +0 24h · +0 7d
Reach per post (ERR) 27.3%7.1K avg views
Posting 3.0/day last 9 hours ago
Reactions per 1K views 0.0

2 ноябр Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон баъди ифтитоҳи як қатор иншооти иҷтимоиву иқтисодӣ ва гузоштани санги асос барои бунёди корхонаҳои нав дар ноҳияи Шаҳристон дар Иди картошка иштирок намуданд. Дар намоишгоҳ номгӯи зиёди маҳсулоти кишоварзӣ, аз ҷумла намудҳои гуногуни картошка, сабзавоту меваҷот ва дигар маҳсулоти хоҷагиҳои деҳқонӣ пешниҳод гардид. Иттилоъ дода шуд, ки солҳои охир хоҷагидорони ноҳияи Шаҳристон дар самти кишту парвариши маҳсулоти кишоварзӣ ба дастовардҳои назаррас ноил гардида, барои афзоиши ҳаҷми истеҳсол, истифодаи самараноки замин ва таъмини бозори дохилӣ бо маҳсулоти хушсифати ватанӣ тадбирҳои зарурӣ меандешанд. Зимни шиносоӣ бо дастранҷи кишоварзон Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон масъалаҳои зиёд намудани ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ, истифодаи самараноки заминҳои мавҷуда, беҳтар намудани сифати маҳсулот ва таъмини бозорҳои истеъмолӣ бо маҳсулоти тару тозаи ватаниро аз самтҳои муҳими рушди соҳа арзёбӣ намуда, барои амалӣ намудани он ба масъулин дастуру тавсияҳо доданд. #ЭмомалӣРаҳмон #ЭмомалиРахмон #EmomaliRahmon #Тоҷикистон #Таджикистан #Tajikistan #Президент #President #Тоҷикон #Таджики #Суғд #Согд #Sughd President.tj | Facebook | Instagram | Telegram | X | Youtube

Views over time

02K4K6K2 Nov 09:0311 Nov 18:295.1K2 Nov 09:03: 0 views11 Nov 18:29: 5,070 views
Snapshots we took after posting.
WhenViews
2 Nov 2026, 09:030
11 Nov 2026, 18:295.1K

Who shared this post

Posts in other channels we index that link to this one. (Forwards with a hidden source can't be traced.)

Nobody yet.