Эмомалӣ Раҳмон - Emomali Rahmon ✔

@emomalirahmontjk · news · Russian · active

Subscribers 26K Subscribers, last 30 days: 26K → 26K +0 24h · +0 7d
Reach per post (ERR) 27.3%7.1K avg views
Posting 3.0/day last 9 hours ago
Reactions per 1K views 0.0

2 ноябр Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар рӯзи дуюми сафари корӣ ба шаҳру ноҳияҳои вилояти Суғд муассисаи таҳсилоти томактабии хусусии Ғунчаи Баҳор дар ноҳияи Шаҳристонро мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд. Муассиса аз ҷониби соҳибкори маҳаллӣ Акрам Холмуродзода сохта шуда, барои 150 кӯдак пешбинӣ шудааст. Он бо мақсади фароҳам овардани шароити муносиб барои таълиму тарбия, рушди зеҳнию ҷисмонӣ ва фароғати кӯдакон бунёд гардида, бо таҷҳизоти зарурӣ ва имкониятҳои муосир таъмин мебошад. Дар муассисаи таҳсилоти томактабии хусусии Ғунчаи Баҳор кӯдакон дар 5 гурӯҳ ба тарбия фаро гирифта шудаанд. Мувофиқи лоиҳа толори мусиқӣ, ҳуҷраҳои хоб, ошхонаи барҳавою муҷаҳҳаз, ҳуҷраҳои маъмурӣ, майдончаҳои бозӣ ва дигар ҳуҷраҳои ёрирасон бо завқи баланди зебоипарастӣ сохта шудаанд. #ЭмомалӣРаҳмон #ЭмомалиРахмон #EmomaliRahmon #Тоҷикистон #Таджикистан #Tajikistan #Президент #President #Тоҷикон #Таджики #Суғд #Согд #Sughd President.tj | Facebook | Instagram | Telegram | X | Youtube

Views over time

02K4K6K2 Nov 06:0411 Nov 18:296.2K2 Nov 06:04: 0 views11 Nov 18:29: 6,160 views
Snapshots we took after posting.
WhenViews
2 Nov 2026, 06:040
11 Nov 2026, 18:296.2K

Who shared this post

Posts in other channels we index that link to this one. (Forwards with a hidden source can't be traced.)

Nobody yet.