Эмомалӣ Раҳмон - Emomali Rahmon ✔

@emomalirahmontjk · news · Russian · active

Subscribers 26K Subscribers, last 30 days: 26K → 26K +0 24h
Reach per post (ERR) 26.7%6.9K avg views
Posting 3.2/day last 1 day ago
Reactions per 1K views 0.0

1 ноябр сафари кории Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба вилояти Суғд бо ифтитоҳи корхонаи истеҳсоли хӯроки чорво ва парандаи ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди Базаи таъминоти Ширкати Барс дар шаҳри Бӯстон оғоз гардид. Иқтидори лоиҳавии корхона дар як сол истеҳсоли 37 ҳазору 440 тонна маҳсулотро ташкил медиҳад. Бо мақсади нигоҳдории дурусти ашёи хом ва маҳсулот, дар ҳудуди корхона 10 анбор бунёд ёфтааст. Иншоот бо ҷалби мутахассисони маҳаллӣ ва истифодаи конструксияҳои металлӣ бунёд шудааст. Бо оғози фаъолияти корхона наздик ба 70 нафар бо кори доимӣ таъмин гардиданд. Иттилоъ дода шуд, ки маҳсулоти корхона вобаста ба навъи чорво ва паранда, бо риояи талаботи стандартҳои дахлдор истеҳсол гардида, бо тамғаи Эко комбикорм ба бозор пешниҳод мешавад. Хатҳои технологӣ насли нав буда, бо истифодаи сарфакоронаи неруи барқ фарқ мекунанд. #ЭмомалӣРаҳмон #ЭмомалиРахмон #EmomaliRahmon #Тоҷикистон #Таджикистан #Tajikistan #Президент #President #Тоҷикон #Таджики #Суғд #Согд #Sughd President.tj | Facebook | Instagram | Telegram | X | Youtube

Views over time

02K4K6K8K1 Nov 06:2011 Nov 18:296.9K1 Nov 06:20: 0 views11 Nov 18:29: 6,880 views
Snapshots we took after posting.
WhenViews
1 Nov 2026, 06:200
11 Nov 2026, 18:296.9K

Who shared this post

Posts in other channels we index that link to this one. (Forwards with a hidden source can't be traced.)

Nobody yet.