Эмомалӣ Раҳмон - Emomali Rahmon ✔

@emomalirahmontjk · news · Russian · active

Subscribers 26K Subscribers, last 30 days: 26K → 26K +0 24h · +0 7d
Reach per post (ERR) 27.3%7.1K avg views
Posting 3.0/day last 9 hours ago
Reactions per 1K views 0.0

30 октябр Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ корхонаи ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди Разес Фарма дар маҳаллаи Арбобхотуни ноҳияи Синои пойтахтро мавриди истифода қарор доданд. Тавре иттилоъ дода шуд, ин ширкати муштараки Тоҷикистону Ҳиндустон буда, соли 2022 таъсис ёфтааст ва татбиқи лоиҳаи мазкур дар асоси созишномаи сармоягузорӣ байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ширкати Разес Фарма моҳи майи соли 2024 оғоз гардидааст. Дар марҳилаи аввал чор хат ба кор даромада, истеҳсоли 100 номгӯйи доруворӣ ба роҳ монда шудааст. Иқтидори солонаи корхона ба 1 миллиарду 400 миллион қурс, 300 миллион ғилофак, 21 миллион воҳиди доруҳои моеъ барои истифодаи берунӣ ва 13 миллион воҳиди малҳам, крем ва гел баробар мебошад. Тибқи нақша, дар оянда, номгӯйи маҳсулоти корхона то ба 250 намуд расонида мешавад. #ЭмомалӣРаҳмон #ЭмомалиРахмон #EmomaliRahmon #Тоҷикистон #Таджикистан #Tajikistan #Президент #President #Тоҷикон #Таджики President.tj | Facebook | Instagram | Telegram | X | Youtube

Views over time

02K4K6K8K30 Oct 06:5811 Nov 18:296.5K30 Oct 06:58: 0 views11 Nov 18:29: 6,540 views
Snapshots we took after posting.
WhenViews
30 Oct 2026, 06:580
11 Nov 2026, 18:296.5K

Who shared this post

Posts in other channels we index that link to this one. (Forwards with a hidden source can't be traced.)

Nobody yet.