Эмомалӣ Раҳмон - Emomali Rahmon ✔

@emomalirahmontjk · news · Russian · active

Subscribers 26K Subscribers, last 30 days: 26K → 26K +0 24h
Reach per post (ERR) 26.7%6.9K avg views
Posting 3.1/day last 2 days ago
Reactions per 1K views 0.0
edited

Бо иқдоми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати дастгирии фаъолияти соҳибкорӣ, фароҳам овардани фазои мусоид барои ҷалби сармоя ва таъсиси ҷойҳои нави корӣ ба ҳама намуди санҷишҳои фаъолияти субъектҳои соҳибкории хурду миёна (ба истиснои санҷишҳои мақомоти андоз) то 1-уми январи соли 2029 мораторий эълон карда мешавад. Бо мақсади дастгирии давлатии фаъолияти соҳибкорӣ, таҳкими иқтидори саноатӣ ва содиротии ҷумҳурӣ, аз байн бурдани санҷишҳои беасосу такрорӣ ва фароҳам овардани фазои мусоид барои соҳибкориву сармоягузорӣ бо ташаббус ва иқдоми бевоситаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон давоми солҳои 2008-2026 (солҳои 2008, 2011, 2018, 2022, 2025 ва 2026) дар ҷумҳурӣ 5 маротиба ба санҷишҳои фаъолияти субъектҳои соҳибкорӣ мораторий эълон шудааст. Мораторийҳои эълоншуда ба рушди фаъолияти соҳибкорӣ ва бахши истеҳсолӣ таъсири мусбат расонида, барои фароҳам овардани фазои мусоид ҷиҳати ҷалби сармоя ва таъсиси ҷойҳои корӣ ва дар маҷмуъ барои беҳбудии некӯаҳволии мардум мусоидат намуд. Қобили зикр аст, ки дар тамоми марҳалаҳои татбиқи мораторий ба санҷишҳо фармонҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва қонунҳои дахлдор қабул гардида, муносибатҳои марбут ба мораторийҳои эълоншуда мушаххас ба танзим дароварда мешаванд. Тибқи муқаррароти Қонун, амали муқаррароти қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон вобаста ба санҷишҳои фаъолияти субъектҳои соҳибкории хурду миёна дар давраи татбиқи мораторий ба санҷишҳо боздошта мешавад. #ЭмомалӣРаҳмон #ЭмомалиРахмон #EmomaliRahmon #Тоҷикистон #Таджикистан #Tajikistan #Президент #President #Тоҷикон #Таджики President.tj | Facebook | Instagram | Telegram | X | Youtube

Views over time

02.5K5K7.5K28 Oct 02:5111 Nov 18:297.8K28 Oct 02:51: 0 views11 Nov 18:29: 7,750 views
Snapshots we took after posting.
WhenViews
28 Oct 2026, 02:510
11 Nov 2026, 18:297.8K

Who shared this post

Posts in other channels we index that link to this one. (Forwards with a hidden source can't be traced.)

Nobody yet.