27 октябр Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ дар ноҳияи Шоҳмансури пойтахт корхонаи масолеҳи сохтмонии ҶДММ Эко Блокро мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд. Корхона бо ташаббуси соҳибкори ватанӣ Акбар Асадулло бо мақсади саҳмгузорӣ дар татбиқи ҳадафи чоруми миллӣ - саноатикунонии босуръати кишвар бунёд гардидааст. Иншооти нави саноатӣ аз лиҳози иқтидори истеҳсолӣ калонтарин корхонаи хишти сабук дар кишвар ба шумор меравад. Корхона бо дастгоҳу таҷҳизоти муосир, ки аз ширкатҳои пешрафтаи ҷаҳонӣ ворид гардидаанд, муҷаҳҳаз буда, иқтидори истеҳсолии он дар як сол ба 300 ҳазор метри мукааб газоблок баробар мебошад. #ЭмомалӣРаҳмон #ЭмомалиРахмон #EmomaliRahmon #Тоҷикистон #Таджикистан #Tajikistan #Президент #President #Тоҷикон #Таджики #Душанбе #Dushanbe President.tj | Facebook | Instagram | Telegram | X | Youtube