27 октябр Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ барои бунёди роҳҳои дусатҳа дар хиёбони Саъдии Шерозӣ ва азнавсозии пули мошингузар дар болои дарёи Душанбе санги асос гузоштанд. Бунёди 3 эстакадаи дусатҳа дар хиёбони Саъдии Шерозӣ ва азнавсозии пули мошингузар дар болои дарёи Душанбе дар доираи татбиқи Нақшаи генералии шаҳри Душанбе ва дар асоси Лоиҳаи таҷдиди хиёбони Саъдии Шерозӣ дар шаҳри Душанбе сурат гирифта, чун тарҳҳои муосири шаҳрсозӣ амалӣ карда мешавад, ки ояндаи наздик имконоту шароити муосирро аз ҷиҳати инфрасохтор ва коммуникатсия муҳайё месозанд. #ЭмомалӣРаҳмон #ЭмомалиРахмон #EmomaliRahmon #Тоҷикистон #Таджикистан #Tajikistan #Президент #President #Тоҷикон #Таджики #Душанбе #Dushanbe President.tj | Facebook | Instagram | Telegram | X | Youtube