Эмомалӣ Раҳмон - Emomali Rahmon ✔

@emomalirahmontjk · news · Russian · active

Subscribers 26K Subscribers, last 30 days: 26K → 26K +0 24h · +0 7d
Reach per post (ERR) 27.3%7.1K avg views
Posting 3.0/day last 10 hours ago
Reactions per 1K views 0.0

4 октябр дар идомаи сафари корӣ дар ноҳияи Восеъ Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба фаъолияти Маркази таълимӣ ва забономӯзии Ориё расман оғоз бахшиданд.Марказ бо тарҳи зебову муосир бунёд гардида, барои фароҳам овардани шароити муносиб ҷиҳати омӯзиши забонҳои хориҷӣ ва аз худ намудани фанҳои дақиқ пешбинӣ шудааст. Дар он синфхонаҳои махсуси компютерӣ, химия, биология ва математика ташкил гардида, ҳар кадом бо таҷҳизоти зарурӣ ва воситаҳои муосири таълимӣ таъмин мебошанд. Дар марказ, ҳамчунин озмоишгоҳи муҷаҳҳаз бо дастгоҳу таҷҳизоти замонавӣ фаъолият намуда, ба хонандагон имкон медиҳад, ки донишҳои назариявии худро дар амал санҷанд ва бо усулҳои муосир ба омӯзиши фанҳои табиию дақиқ машғул шаванд. #ЭмомалӣРаҳмон #ЭмомалиРахмон #EmomaliRahmon #Тоҷикистон #Таджикистан #Tajikistan #Президент #President #Тоҷикон #Таджики #Хатлон #Khatlon President.tj | Facebook | Instagram | Telegram | X | Youtube

Views over time

02K4K6K4 Oct 09:3611 Nov 18:295.5K4 Oct 09:36: 0 views11 Nov 18:29: 5,470 views
Snapshots we took after posting.
WhenViews
4 Oct 2026, 09:360
11 Nov 2026, 18:295.5K

Who shared this post

Posts in other channels we index that link to this one. (Forwards with a hidden source can't be traced.)

Nobody yet.