Эмомалӣ Раҳмон - Emomali Rahmon ✔

@emomalirahmontjk · news · Russian · active

Subscribers 26K Subscribers, last 30 days: 26K → 26K +0 24h · +0 7d
Reach per post (ERR) 27.3%7.1K avg views
Posting 3.0/day last 10 hours ago
Reactions per 1K views 0.0

28 сентябр Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон пас аз анҷоми сафари корӣ дар шаҳри Хоруғ ба шаҳри Душанбе баргаштанд. Маросими гусели Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар фурудгоҳи шаҳри Хоруғ, мисли лаҳзаҳои истиқболи эшон, бо шукӯҳу шаҳомат ва эҳсоси баланди сипосгузории мардуми Бадахшон доир гардид. Сокинони вилоят бо садоқат ва муҳаббати самимӣ Роҳбари давлатро дар фазои пур аз эҳтиром ва шодиву нишот гусел карданд. Аҳли фарҳанги вилоят бо ҷалби беш аз 1500 нафар ҳунармандону сокинон барномаи ҷолиби фарҳангӣ манзур намуда, сурудҳои васфи Ватан, Пешвои миллат ва муҳаббати халқро бо завқи баланд иҷро карданд. Лаҳзаҳои гусел воқеан ба як саҳнаи эҳсоси миллӣ ва арҷгузорӣ ба сиёсати хирадмандонаву инсондӯстонаи Пешвои миллат табдил ёфт. #ЭмомалӣРаҳмон #ЭмомалиРахмон #EmomaliRahmon #Тоҷикистон #Таджикистан #Tajikistan #Президент #President #Тоҷикон #ВМКБ #GBAO #ГБАО President.tj | Facebook | Instagram | Telegram | X | Youtube

Views over time

05K10K28 Sep 08:2611 Nov 18:299.3K28 Sep 08:26: 0 views11 Nov 18:29: 9,300 views
Snapshots we took after posting.
WhenViews
28 Sep 2026, 08:260
11 Nov 2026, 18:299.3K

Who shared this post

Posts in other channels we index that link to this one. (Forwards with a hidden source can't be traced.)

Nobody yet.