Эмомалӣ Раҳмон - Emomali Rahmon ✔

@emomalirahmontjk · news · Russian · active

Subscribers 26K Subscribers, last 30 days: 26K → 26K +0 24h · +0 7d
Reach per post (ERR) 27.3%7.1K avg views
Posting 3.0/day last 23 minutes ago
Reactions per 1K views 0.0

12 сентябр пас аз анҷоми сафари корӣ Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз ноҳияи Рашт ба шаҳри Душанбе баргаштанд. Дар фурӯдгоҳи ноҳияи Рашт Сарвари давлатро фаъолон ва роҳбарияти ноҳия бо самимияти баланд гусел намуданд.Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни суҳбати самимӣ дар фурӯдгоҳ аз нақши соҳибкорон дар дастгирии иқдомҳои Ҳукумати кишвар, саҳмгузории онҳо дар корҳои ободонӣ ва таъсиси иншооти истеҳсолию хизматрасонӣ ёдовар шуда, пешрафти тадриҷии иқтисодиёт ва беҳшавии зиндагии мардумро самараи Истиқлоли давлатӣ ва оромии Ватан арзёбӣ карданд. Намояндагони бахши хусусӣ ва роҳбарияти ноҳия барои истифодаи ҳарчи бештари имкониятҳои мавҷуда бобати рушди соҳаҳои иқтисодию иҷтимоӣ, баланд бардоштани сифати таълим, омода кардани мутахассисони баландихтисос, афзалият додан ба талаботи муосири шаҳрсозӣ ҳангоми бунёди иншооти нав, дастгирии деҳқонон, афзалият додан ба таҷрибаи муосири парвариши зироату ҷамъоварии ҳосил, истифодаи имкониятҳои фаровони табиӣ ҷиҳати афзоиш додани истеҳсоли неъматҳои моддӣ ва зиёд намудани содироти маҳсулоти кишоварзӣ вазифадор карданд. #ЭмомалӣРаҳмон #ЭмомалиРахмон #EmomaliRahmon #Тоҷикистон #Таджикистан #Tajikistan #Президент #President #Тоҷикон #Рашт #Rasht President.tj | Facebook | Instagram | Telegram | X | Youtube

Views over time

05K10K12 Sep 05:1311 Nov 18:2910.2K12 Sep 05:13: 0 views11 Nov 18:29: 10,200 views
Snapshots we took after posting.
WhenViews
12 Sep 2026, 05:130
11 Nov 2026, 18:2910.2K

Who shared this post

Posts in other channels we index that link to this one. (Forwards with a hidden source can't be traced.)

Nobody yet.