Эмомалӣ Раҳмон - Emomali Rahmon ✔

@emomalirahmontjk · news · Russian · active

Subscribers 26K Subscribers, last 30 days: 26K → 26K +0 24h · +0 7d
Reach per post (ERR) 27.3%7.1K avg views
Posting 3.0/day last 23 minutes ago
Reactions per 1K views 0.0

11 сентябр зимни сафари кории Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба ноҳияи Рашт корхонаи фаръии истеҳсоли шарбати Саноати хӯроквории минтақаи Рашт мавриди истифода қарор дода шуд. Корхонаи мазкур бо мақсади рушди истеҳсолоти ватанӣ, коркарди ашёи хоми маҳаллӣ, афзоиши ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти ивазкунандаи воридот ва таъмини бозори дохилӣ бо маҳсулоти хушсифат бунёд гардидааст. Баробари ба истифода додани корхона 17 сокини маҳаллӣ бо кори доимӣ таъмин шуд. Корхона бо таҷҳизоти зарурии истеҳсолӣ муҷаҳҳаз буда, барои истеҳсоли шарбати мева дар зарфҳои шишагини ҳаҷмашон аз 0,5 то 1 литр пешбинӣ шудааст. Иқтидори истеҳсолии корхона дар як мавсим 540 ҳазор литр ва дар як сол то 1 миллиону 200 ҳазор литр маҳсулотро ташкил медиҳад. #ЭмомалӣРаҳмон #ЭмомалиРахмон #EmomaliRahmon #Тоҷикистон #Таджикистан #Tajikistan #Президент #President #Тоҷикон #Рашт #Rasht President.tj | Facebook | Instagram | Telegram | X | Youtube

Views over time

02K4K6K11 Sep 11:4511 Nov 18:296.4K11 Sep 11:45: 0 views11 Nov 18:29: 6,360 views
Snapshots we took after posting.
WhenViews
11 Sep 2026, 11:450
11 Nov 2026, 18:296.4K

Who shared this post

Posts in other channels we index that link to this one. (Forwards with a hidden source can't be traced.)

Nobody yet.