Эмомалӣ Раҳмон - Emomali Rahmon ✔

@emomalirahmontjk · news · Russian · active

Subscribers 26K Subscribers, last 30 days: 26K → 26K +0 24h · +0 7d
Reach per post (ERR) 27.3%7.1K avg views
Posting 3.0/day last 23 minutes ago
Reactions per 1K views 0.0

11 сентябр Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон 15 иншоотро ба таври фосилавӣ дар ноҳияҳои Рашт, Нуробод, Сангвор, Лахш ва Тоҷикобод ба истифода дода, бо лоиҳаи роҳи мошингарди Лабиҷар – Сангвор шинос шуданд. Роҳбари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон амалишавии ҳадафҳои Ҳукумати кишвар, татбиқи нақшаи чорабиниҳои ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатӣ, саҳмгузории соҳибкорону сокинони маҳаллиро дар корҳои ободонӣ ва мавриди истифода қарор гирифтани иншооти таъйиноти гуногунро барои ба талаботи замони муосир мутобиқ шудани шароити хизматрасонӣ, фарогирии мардум ба ҷойи кор ва васеъшавии имкониятҳои истеҳсолӣ дар гурӯҳи ноҳияҳои водии Рашт муҳим арзёбӣ карданд. Раисони ноҳияҳои Рашт, Нуробод, Сангвор, Лахш ва Тоҷикобод барои истифодаи пурраи имкониятҳои мавҷуда, таҳким бахшидани созандагиҳо ва ҷамъоварии саривақтии ҳосили маҳсулоти кишоварзӣ вазифадор шуданд. #ЭмомалӣРаҳмон #ЭмомалиРахмон #EmomaliRahmon #Тоҷикистон #Таджикистан #Tajikistan #Президент #President #Тоҷикон #Рашт #Rasht President.tj | Facebook | Instagram | Telegram | X | Youtube

Views over time

02K4K6K8K11 Sep 05:5111 Nov 18:296.7K11 Sep 05:51: 0 views11 Nov 18:29: 6,710 views
Snapshots we took after posting.
WhenViews
11 Sep 2026, 05:510
11 Nov 2026, 18:296.7K

Who shared this post

Posts in other channels we index that link to this one. (Forwards with a hidden source can't be traced.)

Nobody yet.