2 сентябр Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ дар ноҳияи Фирдавсии пойтахт Маркази хизматрасонии Аҳмадҷонро мавриди истифода қарор доданд.Дар идомаи боздид Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ бо 151 ятим мулоқот намуда, ба онҳо туҳфаҳои идона тақдим карданд. Таваҷҷуҳи пайваста ба қишрҳои ниёзманди ҷомеа, бахусус ятимону бепарасторон, яке аз самтҳои муҳимми сиёсати иҷтимоии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҳисоб рафта, иқдоми мазкур идомаи тадбирҳои хайру савоб дар самти дастгирии кӯдакону наврасон ва фароҳам овардани шароити муносиб барои зиндагиву таҳсили онҳо мебошад. #ЭмомалӣРаҳмон #ЭмомалиРахмон #EmomaliRahmon #Тоҷикистон #Таджикистан #Tajikistan #Президент #President #Тоҷикон President.tj | Facebook | Instagram | Telegram | X | Youtube