Эмомалӣ Раҳмон - Emomali Rahmon ✔

@emomalirahmontjk · news · Russian · active

Subscribers 26K Subscribers, last 30 days: 26K → 26K +0 24h · +0 7d
Reach per post (ERR) 27.3%7.1K avg views
Posting 3.0/day last 39 minutes ago
Reactions per 1K views 0.0

Дар мулоқоти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо Сарвазири Ҷумҳурии Ҳиндустон Нарендра Модӣ, ки дар ҳошияи ҷаласаи Шурои Сарони давлатҳои аъзои Созмони ҳамкории Шанхай дар шаҳри Бишкек баргузор гардид, масоили густариши минбаъдаи ҳамкории амалӣ ва эътимодбахши ду кишвар баррасӣ шуд. Ҷонибҳо доир ба рушди муносибатҳои байнидавлатӣ дар бахшҳои сиёсат, тиҷорату иқтисод, илму маориф, фарҳанг ва амният табодули афкор намуданд. Идомаи фаъоли муколамаи сатҳи олӣ ва баланд, таъмини рушди муносибатҳои байнидавлатӣ дар соҳаҳои амният ва мудофиа, тақвияти ҳамкории низомиию техникӣ, омӯзиши касбии кадрҳои низомӣ ва мубориза бо терроризму экстремизм, тундгароӣ, киберҷиноятҳо, ҷиноятҳои муташаккили фаромиллӣ ва дигар таҳдиду хатарҳои ҷаҳони муосир зарур шумурда шуд. Дар авлавияти муносибатҳои дуҷониба қарор доштани густариши робитаҳои тиҷоратию иқтисодӣ ва сармоягузорӣ низ таъкид гардид. #ЭмомалӣРаҳмон #ЭмомалиРахмон #EmomaliRahmon #Тоҷикистон #Таджикистан #Tajikistan #Президент #President #Тоҷикон #Ҳиндустон #Индия #India President.tj | Facebook | Instagram | Telegram | X | Youtube

Views over time

02K4K6K8K1 Sep 11:2911 Nov 18:296.9K1 Sep 11:29: 0 views11 Nov 18:29: 6,880 views
Snapshots we took after posting.
WhenViews
1 Sep 2026, 11:290
11 Nov 2026, 18:296.9K

Who shared this post

Posts in other channels we index that link to this one. (Forwards with a hidden source can't be traced.)