Эмомалӣ Раҳмон - Emomali Rahmon ✔

@emomalirahmontjk · news · Russian · active

Subscribers 26K Subscribers, last 30 days: 26K → 26K +0 24h · +0 7d
Reach per post (ERR) 27.3%7.1K avg views
Posting 3.0/day last 39 minutes ago
Reactions per 1K views 0.0

1 сентябр Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ҷаласаи Шӯрои сарони давлатҳо дар қолаби СҲШ+ дар мавзӯи «СММ ҳамчун унсури калидии низоми одилонаи ҷаҳонӣ: саҳми давлатҳои СҲШ+ дар ташаккули ҷаҳони бисёрқутба» иштирок ва суханронӣ намуданд. Сарвари давлати мо муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар оғози сухан бори дигар ба Президенти Ҷумҳурии Қирғизистон муҳтарм Садир Жапаров барои пазироии самимӣ ва танзими хуби кори ҳамоиш изҳори сипос намуда, қолаби СҲШ+ро “заминаи хуби рушди ҳамкории бисёрҷониба ва нишонаи эътибори афзояндаи Созмони ҳамкории Шанхай” номиданд. Дар идома гуфта шуд, ки “имрӯз ҷаҳон бо мухолифатҳои геополитикӣ ва низоъҳои минтақавӣ, таҳдидҳои афзояндаи терроризм, экстремизм ва радикализм, инчунин мушкилоти амнияти энергетикӣ ва озуқаворӣ рӯбарӯ аст”. Бо изҳори нигаронӣ аз авзои ҷаҳони имрӯза Президенти кишвари мо муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон , ҳамчунин, таъкид доштанд, ки “таъсири тағйирёбии иқлим рӯз аз рӯз бештар ба назар мерасад ва моро водор мекунад, ки нерӯҳои худро муттаҳид кунем ва стратегияи вокуниши муштарак таҳия намоем”. #ЭмомалӣРаҳмон #ЭмомалиРахмон #EmomaliRahmon #Тоҷикистон #Таджикистан #Tajikistan #Президент #President #Тоҷикон #СҲШ #ШОС #SCO President.tj | Facebook | Instagram | Telegram | X | Youtube

Views over time

02K4K6K8K1 Sep 10:3811 Nov 18:297K1 Sep 10:38: 0 views11 Nov 18:29: 7,040 views
Snapshots we took after posting.
WhenViews
1 Sep 2026, 10:380
11 Nov 2026, 18:297K

Who shared this post

Posts in other channels we index that link to this one. (Forwards with a hidden source can't be traced.)

Nobody yet.