Эмомалӣ Раҳмон - Emomali Rahmon ✔

@emomalirahmontjk · news · Russian · active

Subscribers 26K Subscribers, last 30 days: 26K → 26K +0 24h · +0 7d
Reach per post (ERR) 27.3%7.1K avg views
Posting 3.0/day last 1 hour ago
Reactions per 1K views 0.0

26 август Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар доираи сафари корӣ ба шаҳру ноҳияҳои вилояти Хатлон бо мақсади шиносоӣ бо вазъи зиндагии мардум ва ифтитоҳи як қатор иншооти ҷашнӣ ба ноҳияи Данғара ташриф оварданд. Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон нахуст бо бардоштани парда аз рӯйи лавҳаи рамзӣ муассисаи таҳсилоти томактабии хусусии Сокинаро дар деҳаи Хуррамзамини деҳоти Исмат Шарифи ноҳия мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд. Ба Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иттилоъ дода шуд, ки муассисаи тозабунёд барои 260 кӯдак пешбинӣ шудааст. Дар кӯдакистон 10 гурӯҳ амал намуда, ба онҳо 10 парастори ботаҷриба бо бозиҳои ҷолибу шавқовар машғулият мегузаронанд. Омӯзиш дар он бо 3 забон – тоҷикӣ, русӣ ва англисӣ, сурат мегирад. Шумораи умумии кормандон дар муассисаи томактабӣ 30 нафарро ташкил медиҳад. Дар ҳамин ҷо Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба фаъолияти китобхонаи хуштарҳу муосир, ки дар паҳлуи муассиса сохта шудааст, оғоз бахшиданд. Китобхона дорои толори хониш, ҳуҷраи нигоҳдории китоб, толор барои баргузории маҳфилҳои илмию адабӣ, китобхонаи электронӣ бо дастрасии беш аз 10 ҳазор адабиёт буда, бо техникаю лавозимоти зарурӣ муҷаҳҳаз шудаанд. #ЭмомалӣРаҳмон #ЭмомалиРахмон #EmomaliRahmon #Тоҷикистон #Таджикистан #Tajikistan #Президент #President #Тоҷикон #Данғара #Дангара #Danghara President.tj | Facebook | Instagram | Telegram | X | Youtube

Views over time

02K4K6K26 Aug 11:3611 Nov 18:295.9K26 Aug 11:36: 0 views11 Nov 18:29: 5,900 views
Snapshots we took after posting.
WhenViews
26 Aug 2026, 11:360
11 Nov 2026, 18:295.9K

Who shared this post

Posts in other channels we index that link to this one. (Forwards with a hidden source can't be traced.)

Nobody yet.