21 август Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ Варзишгоҳи миллии нави пойтахтро (Муассисаи давлатии «Варзишгоҳи миллӣ»-и Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон) мавриди истифода қарор доданд. Дар даромадгоҳи асосии варзишгоҳ ба хотири арҷгузорӣ ба заҳмату ғамхориҳои ҳамешагии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки дар бунёди Варзишгоҳи миллӣ ва рушди футболи муосири тоҷик беназир аст, фаввора – конструксияи соядасти Президенти кишвар дар шакли арт-объект аз пӯлоди зангногир ва баландсифат, тарҳрезӣ ва насб гардидааст. Ин натанҳо як унсури ороишӣ, балки як қисми таърихи бунёди Варзишгоҳи миллӣ ба ҳисоб рафта, солҳои тулонӣ ҳамчун рамзи асосии бунёди Варзишгоҳи миллӣ нигоҳ дошта мешавад. Иншооти боҳашамати варзишӣ дар майдони 9,5 гектар доман густурда, намунаи барҷастаи сохтмони муосири кишварамон ба шумор меравад. Варзишгоҳ дорои беш аз 30 000 ҷойи нишаст буда, аз 2 сатҳ иборат мебошад. Дар сатҳи поёнӣ беш аз 12 ҳазор ва сатҳи болоӣ 18 ҳазор ҷои нишаст мавҷуд аст. #ЭмомалӣРаҳмон #ЭмомалиРахмон #EmomaliRahmon #Тоҷикистон #Таджикистан #Tajikistan #Президент #President #Тоҷикон #Таджики #ВарзишгоҳиМиллӣ #НациональныйСтадион #NationalStadium President.tj | Facebook | Instagram | Telegram | X | Youtube