Эмомалӣ Раҳмон - Emomali Rahmon ✔

@emomalirahmontjk · news · Russian · active

Subscribers 26K Subscribers, last 30 days: 26K → 26K +0 24h · +0 7d
Reach per post (ERR) 27.3%7.1K avg views
Posting 3.1/day last 1 hour ago
Reactions per 1K views 0.0

21 август Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар деҳаи Элоки деҳоти Қалъаи дашти ноҳияи Файзобод бинои нави муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №11-ро мавриди истифода қарор доданд. Иншоот бо дастгирии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Файзобод дар ҳамкорӣ бо шарикони рушд бунёд гардида, барои 2400 хонанда дар ду баст пешбинӣ шудааст. Муассиса аз се бинои ду ва сеошёна иборат буда, дорои 57 синфхонаи замонавӣ ва озмоишгоҳҳои муосири фаннӣ мебошад. Ҳамаи синфхонаҳои таълимӣ, аз ҷумла барои фанҳои химия, биология, физика, география, математика, асосҳои кор бо компютер, омӯзиши забонҳои хориҷӣ ва ҳунаромӯзӣ бо технология ва воситаҳои муосир муҷаҳҳаз карда шудаанд. Дар ин боргоҳи илму маърифат 44 омӯзгор ба таълиму тарбияи хонандагон машғул буда, раванди таълим тавассути камераҳои мушоҳидавӣ назорат карда мешавад. Муассиса, ҳамчунин, дорои ҳуҷраҳои кории омӯзгорон, китобхонаҳои анъанавию электронӣ, нуқтаи хизматрасонии тиббӣ, ошхона, маҷлисгоҳ бо 430 ҷойи нишаст ва толори варзишӣ барои машқу тамрини футбол, волейбол ва баскетбол мебошад. #ЭмомалӣРаҳмон #ЭмомалиРахмон #EmomaliRahmon #Тоҷикистон #Таджикистан #Tajikistan #Президент #President #Тоҷикон #Таджики #Файзобод #Файзабад #Faizobod President.tj | Facebook | Instagram | Telegram | X | Youtube

Views over time

02K4K6K8K21 Aug 10:1911 Nov 18:297.3K21 Aug 10:19: 0 views11 Nov 18:29: 7,260 views
Snapshots we took after posting.
WhenViews
21 Aug 2026, 10:190
11 Nov 2026, 18:297.3K

Who shared this post

Posts in other channels we index that link to this one. (Forwards with a hidden source can't be traced.)

Nobody yet.