Эмомалӣ Раҳмон - Emomali Rahmon ✔

@emomalirahmontjk · news · Russian · active

Subscribers 26K Subscribers, last 30 days: 26K → 26K +0 24h · +0 7d
Reach per post (ERR) 27.3%7.1K avg views
Posting 3.1/day last 1 hour ago
Reactions per 1K views 0.0

21 август ба Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон чор лоиҳаи муҳим, ки ба рушди инфрасохтори иҷтимоиву иқтисодии ноҳияи Файзобод равона шудаанд, муаррифӣ гардид.Ҳамчунин, дар доираи тадбирҳои дастгирии иҷтимоӣ аз ҷониби соҳибкори ватанӣ Каримзода Манучеҳр ба 4 ятими кулл, 2 нафар аз оилаҳои камбизоат ва 1 варзишгар хонаҳои истиқоматии дуҳуҷрагӣ тақдим гардид. Ин 4 ятим аз ҷониби хонаводаи Бобо Каримзода ба фарзандӣ қабул шудаанд. Ин оила тасмим гирифтаанд, ки онҳоро бо ҷойи истиқомат, таҳсилу касбомӯзӣ таъмин намуда, оиладорашон кунанд ва ба ҳаёти мустақиллона омода созанд. Ин иқдоми хайрхоҳона намунаи саҳми соҳибкорони ватанӣ дар дастгирии қишрҳои ниёзманди ҷомеа ва таҳкими фазои ҳамдигарфаҳмиву ғамхорӣ ба шаҳрвандон арзёбӣ мегардад. Татбиқи чунин лоиҳаҳои иҷтимоиву иқтисодӣ ва иқдомҳои созандаву хайрхоҳона дар ноҳияи Файзобод бозгӯи саҳми соҳибкорони ватанӣ дар рушди инфрасохтор, таъсиси ҷойҳои нави корӣ ва дастгирии қишрҳои ниёзманди ҷомеа буда, ба беҳтар гардидани сатҳу сифати зиндагии аҳолӣ мусоидат менамояд. #ЭмомалӣРаҳмон #ЭмомалиРахмон #EmomaliRahmon #Тоҷикистон #Таджикистан #Tajikistan #Президент #President #Тоҷикон #Таджики #Файзобод #Файзабад #Faizobod President.tj | Facebook | Instagram | Telegram | X | Youtube

Views over time

02K4K6K21 Aug 09:3611 Nov 18:295.4K21 Aug 09:36: 0 views11 Nov 18:29: 5,390 views
Snapshots we took after posting.
WhenViews
21 Aug 2026, 09:360
11 Nov 2026, 18:295.4K

Who shared this post

Posts in other channels we index that link to this one. (Forwards with a hidden source can't be traced.)

Nobody yet.