Эмомалӣ Раҳмон - Emomali Rahmon ✔

@emomalirahmontjk · news · Russian · active

Subscribers 26K Subscribers, last 30 days: 26K → 26K +0 24h · +0 7d
Reach per post (ERR) 27.3%7.1K avg views
Posting 3.1/day last 1 hour ago
Reactions per 1K views 0.0

20 август дар идомаи боздиди корӣ Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Неругоҳи Роғун бо ҷараёни корҳои сохтмонӣ дар сарбанди ин иншооти бузурги гидроэнергетикӣ шинос шуданд.Сарбанди Неругоҳи Роғун аз қисмҳои ядро, филтрҳои минтақаи гузариши дуюм ва сеюм, призмаи такядевори поёнӣ, призмаи такядевори болоӣ, борсангҳои биефи болоӣ ва поёнӣ иборат буда, баъди пурра ба анҷом расидан бо баландии 335 метр баландтарин сарбанди регусангӣ дар ҷаҳон хоҳад буд. Зимни мулоқоти қаблӣ бо муҳандисону бунёдкорони Неругоҳи Роғун Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дастур дода буданд, ки корҳои бардоштани сарбанд дар соли 2026 ба баландии 1155 метр аз сатҳи баҳр ва пуркунии обанборро то сатҳи 1140 метр расонида шавад. Дар робита ба ин, ба Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иттилоъ дода шуд, ки бунёди сарбанд тибқи дастур ва нақшаи кории тасдиқгардида ба роҳ монда шуда, сарбанди неругоҳ ба нуқтаи 1155 метр пеш аз муҳлат бардошта шуда, пуркунии обанбор дар муҳлатҳои наздик то ба сатҳи 1140 метр аз сатҳи баҳр расонида мешавад. #ЭмомалӣРаҳмон #ЭмомалиРахмон #EmomaliRahmon #Тоҷикистон #Таджикистан #Tajikistan #Президент #President #Тоҷикон #Таджики #НБОРоғун #РогунскаяГЭС #RoghunHPP President.tj | Facebook | Instagram | Telegram | X | Youtube]

Views over time

02K4K6K8K20 Aug 10:5711 Nov 18:297.1K20 Aug 10:57: 0 views11 Nov 18:29: 7,100 views
Snapshots we took after posting.
WhenViews
20 Aug 2026, 10:570
11 Nov 2026, 18:297.1K

Who shared this post

Posts in other channels we index that link to this one. (Forwards with a hidden source can't be traced.)

Nobody yet.